Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

Шарҳи нуқтаҳои муҳими паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
6 январи соли 2025 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари иқомат таҳсил мекунанд, баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот роҳбари намояндагии дипломатӣ доир ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 зимни ироаи паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» баён доштанд, ба таври муфассал сухан гуфта, муҳтавои нуктаҳои асосии паёми сарвари давлатро шарҳу тавзеҳ дод.
Шарҳи нуқтаҳои муҳими паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки 30.12.2024 сол Фармони Президенти Федератсияи Россия таҳти №1126 “Дар бораи тадбирҳои муваққатӣ оид ба ҳалли вазъи ҳуқуқии категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия вобаста ба истифодаи низоми ихроҷ” ба имзо расид.
Тибқи фармон шахсоне, ки дар Россия ғайриқонунӣ қарор доранд, вазифадоранд, ки Федератсияи Россияро мустақилона тарк кунанд ва ё аз 1 январ то 30 апрели соли 2025 вазъи ҳуқуқии будубоши худро қонунӣ гардонанд.
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Интихобот ифодаи рушди демократия мебошад

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 2 марти соли 2025 ва интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2025 таъйин гардидааст. Омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохоҷа Баракотов моҳият ва аҳамияти интихоботро чунин шарҳ дод:— Истиқлоли давлатӣ ҳамчун заминаи муҳими ташаккули давлатдории мустақил барои Тоҷикистон марҳилаи таърихии навро боз намуд. Дар ин замина интихоби роҳи демократии рушд тақозо менамуд, ки дар ташаккули ҳокимияти сиёсӣ иродаи мардум ба инобат гирифта шавад. Бо ин мақсад бунёди низоми нави сиёсӣ ва дар заминаи он таъсиси ниҳоди интихобот ҳамчун механизми татбиқи муносибатҳои демократӣ амалӣ гардид.Ниҳоди интихобот ҳамчун воситаи ташаккул ва таъмини қонунмандии ҳокимият дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, муайян намудани масири рушд ва суботи сиёсӣ дар давлат нақши муҳим дорад. Вобаста ба ин дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст,

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Интихобот ифодаи рушди демократия мебошад
МАБЛАҒИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ 100 ФОИЗ ЗИЁД КАРДА ШУД. Акнун соҳиби Шоҳҷоиза бо 140 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешавад

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шуд.

Ин иқдоми оқилонаи фарҳангӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддуну қудратҳо ва авҷ гирифтани фаъолияти равияву гурӯҳҳои ифротию тундрав барои ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхона ва китобхонӣ тадбири мубраму саривақтӣ ба шумор меравад. Чунин изҳор медорад мутахассиси соҳаи китобдорӣ, декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Зафари Шариф.

МАБЛАҒИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ 100 ФОИЗ ЗИЁД КАРДА ШУД. Акнун соҳиби Шоҳҷоиза бо 140 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешавад
Табрикот бахшида ба Соли Нави Меллодӣ

Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангии шаҳру вилоятҳои кишвари иқомат, ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷикони муқимии Федератсияи Россияро ба муносибати Соли Нави Меллодӣ самимона табрик менамояд.

Табрикот бахшида ба Соли Нави Меллодӣ