Ҷойи кори холӣ дар «Благо Труд»

Главная \ Ҷои кор \ Ҷойи кори холӣ дар «Благо Труд»
Ҷойи кори холӣ дар «Благо Труд»

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Благо Труд» ҷалби муташаккилонаи мутахассисонро ба    кор дар Федератсияи Русия ба роҳ мондааст.

Ба гуфти директор оид ба рушд Стефан Пугач, шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар бозори меҳнат даъват шудаанд.

«Дар айни замон  дар ширкати  «Благо труд» ҳудуди 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Ҳоло ба беш аз 30 ихтисос: борбардорон, ҳаммолон, кормандони толори тиҷоратӣ,  коргарони соҳавӣ, кормандони гуногункасб ва ғайра ҷои кори доимӣ мавҷуд аст», — хабар доданд дар ширкат.

Ҳамарӯза беш аз 1000 корманд дар зиёда аз 30 иншоот дар саросари Русия ба кор ҷалб мешаванд.

«Барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд бо мо кор кунанд, имтиёзҳои зерин пешбинӣ шудаанд: пардохти маблағи чипта барои парвоз  ба Федератсияи Русия, сабти патент аз ҷониби корфармо, пардохти манзил, таъмини ҷои кори расмӣ ва маоши муносиб.  Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд бо мо тавассути почтаи электронӣ: i@blago-trud.ru ё телефони +79213336016 тамос гиранд», — илова намуд Стефан Пугач.

 

 

Манбаъ АМИТ "ХОВАР"