Дальпромрыба: Ҷойи кори мувофиқ

Главная \ Ҷои кор \ Дальпромрыба: Ҷойи кори мувофиқ
Дальпромрыба: Ҷойи кори мувофиқ

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки ҶДММ “Дальпромрыба”, ки дар самти коркард ва истеҳсоли консерваҳои моҳӣ фаъолият менамояд, кормандонро барои фаъолияти меҳнатӣ дар шаҳри Домодедовои вилояти Москва даъват менамояд.

Ширкати “Дальпромрыба” яке аз машҳуртарин ва бузургтарин ширкати коркард ва истеҳсоли консерваҳои моҳӣ дар Федератсияи Россия ба ҳисоб рафта, соли 2000 таъсис ёфтааст ва аввалин корхонае мебошад, ки консерваҳои бренди ватаниро дар зарфи шишагӣ зери номи "Капитан Вкусов" ва "Магуро" истеҳсол мекунад.

Барои довталабон аз ҷониби корфармо шароитҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
- музди меҳнат то 60 000 рубл;
- ҷадвали корӣ 6/1, 2/2, 5/2 (аз рӯи интихоб);
- изофапӯлӣ дар асоси натиҷаи кор;
- номнавишти муҳоҷиратӣ;
- ҷойи хоби ройгон дар хобгоҳ;
- хӯроки ройгон;
- нақлиёт аз хобгоҳ ба корхона ва бозгашт;
- номнавишти расмии фаъолияти меҳнатӣ;
- либоси махсуси корӣ.

Довталабони хоҳишманд метавонанд ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд.

Телефонҳо барои тамос: +7 (495) 225-51-27; +7 (916) 501-31-46

Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912- 58-68 (WhatsApp) муроҷиат намоед.