Эълони ҷойҳои кори холӣ
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки Фурудгоҳи Домодедовои Москва ба номи М.В.Ломоносов, бо мақсади бо ҷои корӣ таъмин намудан ва омӯзонидани муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудааст.
Барои дарёфти ҷои кори муносиб ба сомонаи https://rabota.dme.ru ворид гардида, барои худ ҷои кор интихоб намоед.
Фурудгоҳ дар бозори меҳнат аз рӯи 14 самт бо зиёда аз 1400 тахассус ҷойҳои кориро ба муҳоҷирони меҳнатӣ пешниҳод менамояд:
- техник-амалгари шабакаҳои гармидиҳӣ;
- нозири хадамоти нақлиётӣ (воридот ва хориҷшавӣ ба фурудгоҳ);
- боркаш;
- фаррош;
- анборчӣ (кладовщик бортового питания);
- техник-фаррош;
- коргари роҳ;
- ронандаи мошини калонҳаҷм.
Ширкат бо кормандон расман шартномаҳои меҳнатӣ баста, таъмини шароити мусоиди корӣ бо маоши муқарраргардида аз рӯи ихтисос пешниҳод менамояд. Аз ҷониби корфармо ҷиҳати барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои тиббӣ ва будубош мусоидат карда мешавад.
Дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот дар давраи фаъолияти меҳнатӣ метавонед ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоед.
Телефон барои тамос: +7 (495) 967-98-44.