Моҳи июни соли равон пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе мизбони боз як чорабинии сатҳи баланд – Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028» мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар». Интизор меравад, ки дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028» роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок намоянд.
Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
13 феврали соли 2024 дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи намояндагони мақомоти давлатӣ бо роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба Федератсияи Россия сафар намуданд.
8 феврали соли 2024 Cафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.
Дар доираи сафари мазкур Роҳбари намояндагии дипломатӣ дар бинои Қасри дӯстии халқҳои Тотористон бо Роҳбари кумитаи иҷроияи Шӯрои Ассамблеяи халқҳои Тотористон Константин Яковлев вохӯрӣ намуд.
Имрӯз бо ибтикори Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар шаҳри Москва мизи мудаввар дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби иртиҷоӣ миёни занону бонувон дар замони муосир: мушкилот ва роҳи ҳал” бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур таҳти сарпарастии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор гардида, дар он занону бонувони фаъол, олимону муҳаққиқон, коршиносони соҳа, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин мушовири Омбудсмени минтақаи Урали Миёна Элина Руденкина, ёвари Вячеслав Вегнер Владимир Кузнецов ва муовини сардори Маркази екатеринбургии нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ Александра Кузнетсова ширкат доштанд.
Дар бораи зарурати тарки ҳарчӣ зудтар аз боздоштгоҳи муваққатӣ ва қаламрави Россия аз ҷониби шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин Марказ нигаҳдорӣ мешаванд, табодули муфассалу судманди афкор сурат гирифт.
Аксари иштирокчиёни вохӯрӣ ибтикори бидуни нигаҳдории қаблӣ дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ, яъне мустақилона ба Ватан баргаштани қоидашиканҳои маъмуриро аз ҳисоби занони ҳомиладор ва занони соҳиби кӯдакони ноболиғ пуштибонӣ карданд.