Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ, ходими фаъолу шинохтаи маҳаллии ҷамъиятӣ Ёқубҷон Умаров ҳамраиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов муовини аввали раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ, соҳибкору ходими шоистаи ҷамъиятии диаспораи тоҷикони муқими шаҳри Сургут Мирзодавлат Миршарифов муовини раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ ва котиби якуми Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Субҳон Қурбонов котиби Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ пешбарӣ гардида, аз ҷониби аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ҷонибдорӣ ва тасдиқ шуданд.
Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
2 январи соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо соҳибкори муваффақи екатеринбургии тоҷиктабор, узви соҳибобрӯи Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Файзулло Машрабзода Каримов мулоқот намуд.
Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2024 самимона табрик мегӯям.
Ба хурду бузурги сокинони мамлакат саломатӣ ва бахту саодат орзу менамоям.
Тавре ки чанд рӯз пеш дар Паёми худ иброз доштам, соли 2023, бо вуҷуди вазъи бисёр печидаву ноороми ҷаҳони муосир, барои кишвари мо боз як соли бобарору хотирмон гардид.
Дар Паём дастоварду пешравиҳои ноилгардидаи халқи Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ зикр гардиданд.
30 декабри соли 2023 муовини роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров ва гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ-зодагони ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбург воқеъ дар кӯчаи Горнистов 15/4 дидан карда, барои бошандагони ин Марказ, аз ҷумла ҳамватанон, дастархони солинавӣ бо оши палоби тоҷикӣ оростанд ва барои кӯдакони бошанда туҳфаҳои солинавӣ карданд.
Бо ташаббуси тоҷикони шаҳри Москва, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бахшида ба Соли Нави Мелодӣ чорабинии адабиву фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он бозиҳои гуногун баҳри истироҳат ва фароғати кӯдакону наврасон, рақсу таронаҳои дилнишин аз ҷонибюи устодони санъати миллати тоҷик ба намоиш гузошта шуд.