ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР САНКТ-ПЕТЕРБУРГ
Главная \ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР САНКТ-ПЕТЕРБУРГ
Дата публикации: 24.08.2023
7 августи соли ҷорӣ дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт - Петербург вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Латифзода Асрор – муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Консули генералӣ ва ҳайати кормандони намояндагӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот масоили будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар пойтахти шимолӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва риояи қонунҳои кишвари иқомат баррасӣ карда шуд.
Худи ҳамон рӯз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардори шуъбаи ВКД дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград – Колотушкин М.А. оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ибрози назар намуданд.