ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗ ОИД БА ҲАМКОРӢ БО ДИАСПОРАҲОИ ТОҶИКОН ВА ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ
13 сентябри соли 2024 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) ва ҳамватанони бурунмарзии назди вазорат бо иштироки вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, намояндагони вазорату идораҳо инчунин роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои протоколи №2 маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон (диаспора) ва ҳамватанони бурунмарзии назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифта, гузориши намояндагони вазорату идораҳои масъул шунида шуд.
Масъалаи ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, бурдани корҳои таблиғотӣ-ташфиқотӣ оид ба фарҳанг, шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, риояи қонунгузорӣ, омӯзиши забон ва касбу ихтисос мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласа қайд гардид, ки бо кушишу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир робита бо ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби бештари онҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, тарғиб ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ, фарҳанг, таърих ва забони миллати тоҷик дар миёни ҳамватанони бурунмарзӣ ташаккул ёфта истодааст.
Рафти иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025 дар мавзуи имкони иштирок дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои маҳаллии самоягузорӣ, ҷалби дороии (сармояи) тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон), соҳибкорон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои рушди соҳаҳои саноат, сайёҳӣ, тандурустӣ, маориф, хизматрасонии иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон басо муҳим мебошад.
Роҳбарону намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ – диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар муҳокимаи масъалаҳо, аз ҷумла дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, бурдани корҳои таблиғотӣ-ташфиқотӣ оид ба фарҳанг, шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, риояи қонунгузорӣ, омӯзиши забон ва касбу фаъолона иштирок намуда, таклифҳои худро пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин, дар фарҷоми ҷаласа як қатор намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва диаспораҳои тоҷикон (ҷамъиятҳои тоҷикон) бо Сипоснома ва Ифтихорномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ қадрдонӣ карда шуданд.