Ҷаласаи Шӯрои ҳомоҳангсозии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург баргузор гардид
6 январи соли 2024 ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур роҳбари Шӯро, котибот ва аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ иштирок намуданд.
Соҳибкорону ходимони муваффақи ҷамъиятии диаспораи тоҷикони муқими шаҳрҳои Сургут ва Екатеринбург Мирзодавлат Маҳмадрасулзода Миршарифов, Зуҳал Зуҳурзода Муродов, Салим Абдуғанизода Ӯлмасов ва рӯзноманигор Фарҳод Миркамолзода Мирҷамолов ба ҳайси аъзои нави Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ интихоб гардиданд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ, ходими фаъолу шинохтаи маҳаллии ҷамъиятӣ Ёқубҷон Умаров ҳамраиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов муовини аввали раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ, соҳибкору ходими шоистаи ҷамъиятии диаспораи тоҷикони муқими шаҳри Сургут Мирзодавлат Миршарифов муовини раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ ва котиби якуми Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Субҳон Қурбонов котиби Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ пешбарӣ гардида, аз ҷониби аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ҷонибдорӣ ва тасдиқ шуданд.
Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ лоиҳаи Нақшаи кории онро дар соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода, ботаклифу пешниҳодҳо аз ҷониби аъзои Шӯро, тасдиқ намуданд.
Зимни ҷаласаи Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ оид ба роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар минтақаи Урал, роҷеъ ба зарурати аз ҷониби ҳамватанон риоя кардани қонунгузорӣ ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардумони бумии (таҳҷоии) кишвари иқомат, дурӣ ҷӯстан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои террористиву ифродгаро ибрози андеша гардид.
Тазаккур ёфт, ки, мутаассифона,то ҳол баъзе раванду ҳодисаҳои номатлуб дар байни ҷавонони тоҷикистонии муқими Россия ба мушоҳида мерасанд.Чунончӣ, аз ҷумла, аъзои созмону гурӯҳҳои номатлубу хатарзо, аз ҷумла ташкилотҳои дар қаламрави Тоҷикистону Россия мамнӯъ пайваста аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ фаъолияти таблиғотии муғризонаю иғвоангези худро пиёда намуда, ҷавонони ноогоҳу зудбоварро гумроҳ месозанд ва онҳоро барои содир намудани амалҳои зиддиконститутсионӣ ва террористиву экстремистӣ водор менамоянд. Дар иртибот ба ин иброз гардид, ки ҳар як узви Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ бояд саъю кӯшиш намояд, то дар минтақаю арсаи фаъолияташ корҳои ғоявию фаҳмондадиҳиро миёни ҷавонони тоҷикистонӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии онҳо ба сафи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлубу зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ густаришу тақвият бидиҳад. Ба ҳамватанони ҷавон бо далелу бурҳон бояд фаҳмонд, ки ба таблиғоти муғризонаву бардурӯғи ҳизбу гурӯҳҳои болозикр дода нашаванд ва дар қаламрави кишвари иқомат аз пайи кори созанда ва ободии Ватану рӯзгори худ бошанд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои мубрам оид ба такмили минбаъдаи ҳамкории муассисаи консулӣ бо аъзои Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ мавриди баррасию гуфтугӯ қарор дода шуданд.
Консули генералӣ, раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятӣ зарурати андешидани тадбирҳои муассирро дар маҷрои ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ-зодагони Тоҷикистон барои ободию рушди Ватан ба ҳайси шарикони рушд, таъмини ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шараф ва манофеи қонунии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ, амалисозии чорабиниҳои гуногун ба хотири мутобиқсозии иҷтимоӣ-фарҳангии ҳамватанон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, ба шароиту воқеияти кишвари иқомат, тақвияти кор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тарбияи ватандӯстии ҷавонони тоҷикистонӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандии онҳо, таҳкими ҳувияти миллӣ ва муаррифии дурусту густурдаи фарҳанги миллӣ дар қаламрави минтақаи Урали Россия махсус таъкид намуд.