Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
26 январи соли 2024 дар шаҳри Москва ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо роҳбарии Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Россия, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё ва доираҳои соҳибкорон аз ҳисоби ҳамватанони муқим, донишҷӯён, инчунин консулҳои генералии Тоҷикистон дар минтақаҳои Россия иштирок карданд.
Зимни суханронии хеш роҳбари намояндагии дипломатӣ роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ҳусни ҳамҷаворию дӯстӣ дар минтақа, муносибатҳои иттифоқӣ ва фарогири дӯстонаи Тоҷикистону Россия ба аҳли нишаст маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дастовардҳои назарраси даврони истиқлолияти давлатиро таъкид карда, аз ҳамватанони муқими Россия баҳри таҳкими минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ ба мақсади пешгирии амалҳои номатлуб даъват ба амал овард.
Ҳамчунин дар рафти ҷаласа ҳисоботу гузоришҳо оид ба корҳои анҷомдодашуда, таклифҳои консулҳои генералӣ ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ шунида шуд.
Инчунин, дар доираи ҷаласаи Шӯро маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни “Донишҷӯи сол-2023” доир гардид. Дар озмуни мазкур донишҷӯён аз донишгоҳҳои гуногуни Россия иштирок намуданд.
Дар ин замина қайд гардид, ки чорабинии имрӯза ба таври возеҳ собит месозад, ки ҷавонони тоҷик истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатро қадр намуда, барои гузоштани саҳми муассири худ дар рушди фарогири минбаъдаи Тоҷикистон омода мебошанд.
Сипас, ба 22 нафар ғолибони озмуни “Донишҷӯи сол-2023” барои ишғоли ҷойҳои 1, 2 ва 3 бо диплом ва ҷоизаи пулӣ ва ба 17 нафари дигар сипосномаҳои Сафорат супорида шуд.
Сафир аз роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанон даъват ба амал овард, ки дар рушду равнақи Тоҷикистон, корҳои ободониву созандагӣ, баргузор намудани чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ ва варзишӣ бо мақсади арзанда истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар саҳмгузор бошанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як гуруҳ фаъолони диаспораи тоҷикони муқими Россия бо сипосномаҳои Сафорат барои саҳми арзанда ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.