Ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия
27 январи соли 2024 дар шаҳри Новосибирск ҷаласаи Шӯрои машваратии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар чорабинӣ кормандони Консулгарии генералӣ, роҳбарони диаспораи тоҷикон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва фаъолон ширкат доштанд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Имомзода Наҷмиддин ҷаласаро ифтитоҳ карда, ҷанбаҳои фаъолияти Шӯроро дар давраи ҳисоботӣ қайд ва ба аъзоёни Шӯро барои корҳои анҷомдода ва фаъолияти пурсамар изҳори сипос намуд.
Дара рафти ҷаласа доир ба масъалаҳои марбут ба шароити буду бош ва мутобиқшавии шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақа, густариши ҳамкориҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳҳои нави мубориза бо ҷинояткорӣ бахусус дар байни ҷавонон, гузаронидани корҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, ҳифзу густариши забонҳои модарӣ ва русӣ дар байни насли ҷавони диаспораҳои тоҷик табодули афкор сурат гирифт. Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки ҳамкорӣ дар заминаи баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангиву варзишӣ фаъол карда шаванд.
Ҳайати нави Шӯрои машваратӣ интихоб шуд, ки ба он роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон, фаъолони диаспораи тоҷикон, инчунин намояндагони ҷамъиятҳои донишҷӯён шомил шуданд.
Дар ҷаласа лоиҳаи нави Низомнома ва нақшаи кории Шӯрои машваратии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия барои соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар фарҷоми чорабинӣ Консули генералӣ аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, дар чорабиниҳои дар пешистода фаъолона ширкат варзида, ҳамкориҳо байни иттиҳодияҳои ҷамъиятиро густариш дода, дар ҳалли мушкилоти ба миёномадаи муҳоҷирони меҳнатӣ сари вақт мусоидат карда, ташаббусҳо дар мавриди таҳкими сулҳу иттифоқ байни миллатҳо дар хоки давлати иқоматро татбиқ намуда, фаъолияти маънавию-маданӣ ва варзишӣ дар байни ҷавоноро амалӣ намуда, барои насли наврас намунаи равшани дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ бошанд.