Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Главная \ Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
← Предыдущая Следующая →

Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба иттилои ҳамватанони муқимӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯён ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бо мақсадҳои гуногун қарор доранд, мерасонад, ки ваъзият дар қаламрави Федератсияи Россия барои шаҳрвандони хориҷӣ тағийр наёфтаааст. 

 Пас аз амали террористии даҳшатнок бар зидди шаҳрвандони осоишта дар Маҷмааи консертии Крокус-Сити Холлро, ки санаи 22 марти соли 2024 ба вуқуъ омад, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти томактабӣ, муассисаҳои тандурустӣ, корхонаву фабрикаҳо, марказҳои савдо, метро, ҷойҳои серодам ҷиҳати таъмини амнияти сокиноно, назорат пурзӯр карда шудааст.

Аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки ба маълумотҳои сохта ва беасосе, ки аз ҷониби гурурҳҳои алоҳида ва шахсони ҷудогона таҳия ва нашр карда мешаванд бовар накарда, вобаста ба ҳолат ва ваъзияти будубош дар кишвари иқомат маълумотҳоро аз сомонаҳои расмии мақомотҳои  Федератсияи Россия ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мутолиа намоед.

Инчунин, хотирасон менамоем, ки дар гуруҳҳои теллеграмӣ ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ гуруҳҳои тундарав ва ифротгаро барои анҷом додани амалҳои террористӣ шаҳрвандонро ҷалб намуда истодаанд. Аз ҳамаи шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки аз чунин ҳолатҳо эҳтиёткор бошанд, ки ба доми фиреби гуруҳҳои ифротгароӣ наафтанд.

Ҳамзамон, даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳангоми фаъолият дар қаламрави Федератсияи Россия, таҳсил, табобат, сайёҳат ва дигар мақсадҳои сафар ба Федератсияи Россия тибқи талаботи қонунгузории кишвари иқомат ҳуҷҷатҳои худро таҳия намоед.

Дар ҳолати пеш омадани мушкилот ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, консулҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Новосибирск, Уфа ва Екатеренбург муроҷиат намоед.

Вобаста ба ҳолатҳои пешомада дар сомонаи расмии Шӯрои ҷамъиятӣ www.таджики-россии.рф  маълумотҳо саривақт нашр карда мешаванд. Телефонҳо барои тамос: +7 (926) 462 62 01

Мо дар телеграмм: https://t.me/tojikon_pressa

Мо дар ВКонтакте: vk.com/tojikon_pressa

Мо дар фейсбук:https://www.facebook.com/profile.php?id=100086635771504&mibextid=2J