Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Главная \ Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!
← Предыдущая Следующая →
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки 30.12.2024 сол Фармони Президенти Федератсияи Россия таҳти №1126 “Дар бораи тадбирҳои муваққатӣ оид ба ҳалли вазъи ҳуқуқии категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия вобаста ба истифодаи низоми ихроҷ” ба имзо расид.
Тибқи фармон шахсоне, ки дар Россия ғайриқонунӣ қарор доранд, вазифадоранд, ки Федератсияи Россияро мустақилона тарк кунанд ва ё аз 1 январ то 30 апрели соли 2025 вазъи ҳуқуқии будубоши худро қонунӣ гардонанд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши будубоши қонунӣ ва иқоматро дар қаламрави Россия доранд, ҳуҷҷатҳои худро барои санҷиш бо дархости расмӣ ба сомонаи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ирсол намуда, муқаррароти фармони мазкурро риоя намоянд.
Дар сурати ба таври қонунӣ ба расмият надаровардани ҳуҷҷатҳои будубош ва ё иқомат, дар муҳлати муайяннамудаи қонунгузории Россия (шурӯъ аз 05.02.2025 сол) шахси ҳуқуқвайронкунанда ба рӯйхати “Феҳристи шахсони таҳти назорат” ворид гардида, аз кишвари иқомат ихроҷ карда мешавад.