Барномаи консертӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ

Главная \ Барномаи консертӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ
← Предыдущая Следующая →

4 октябри соли 2023 дар шаҳри Москва дар доираи сафари ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консерти тантанавӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Россия, аҳли  илму фарҳанг, донишҷӯён, инчунин ҳамватанони муқими Россия  иштирок намуданд.
Барномаи пурмуҳтаво ва ҷолиб, ки аз ҷониби ҳайати эҷодӣ омода гардид буд,  ҳозиринро бо фарҳанги пурғановат, мероси маънавӣ, санъат ва анъанаи беназири халқи тоҷик ошно сохт.  Мусиқии ноби тоҷикӣ, оҳангҳои дилнишин ва рақсҳои зебои духтарони тоҷик, аҳли нишастро дар фазои зебогӣ ва пурнишоти Тоҷикистон қарор дод.
 Дар доираи сафари ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин баргузории барномаҳои консертӣ дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Уфа дар назар аст.