Барои қайди яксола дар Россия барои муҳоҷирон иҷозат дода шуд

Главная \ Барои қайди яксола дар Россия барои муҳоҷирон иҷозат дода шуд
← Предыдущая Следующая →
Шаҳрвандони муҳтарам иттилоъ медиҳем, ки ба “Қоидаҳои бақайдгирии муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия” тағйирот ворид гардиданд.

Дар асоси тағйирот, бақайдгирии шаҳрванди хориҷӣ дар ҷои истиқомати муваққатӣ дар Федератсияи Россия, ба мӯҳлати 1 сол аз рӯзи додани патент амалӣ мегардад.

Тағйироти дахлдор бо Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 21 октябри соли 2023, №1756 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 15 январи соли 2007, №9" ворид карда шудааст.

Тағйироте, ки ба “Қоидаҳои бақайдгирии муҳоҷиратии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия” ворид гардидаанд:

6. Дар банди 32:

а) сархати якум бо калимахои «ба истиснои ҳолатҳое, ки дар сархати чоруми банди мазкур муқаррар шудааст» илова карда шавад;

б) сархати зерин илова карда шавад:

«Бақайдгирии шаҳрванди хориҷӣ дар ҷои истиқомати муваққатӣ дар Федератсияи Россия, ки дар асоси патент фаъолияти меҳнатиро дар Федератсияи Россия анҷом медиҳад, дар давоми 1 сол аз рӯзи додани патент ба чунин шаҳрванди хориҷӣ анҷом дода мешавад».

Бояд қайд кард, ки Қарори мазкур аз 26 октябри соли 2023 эътибор пайдо кардааст.