БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲО БО ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ ТОҶИКОНИ ВИЛОЯТИ ИРКУТСК 

Главная \ БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲО БО ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ ТОҶИКОНИ ВИЛОЯТИ ИРКУТСК 
← Предыдущая Следующая →

Котиби Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Боев Саид Муллоевич бо роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳамватанон”-и вилояти Иркутски Федератсияи Россия Маликшоев Муриват раҳматович мулоқот намуд. 
Дар рафти мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкорӣ бо Шӯрои ҷамъиятӣ, баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифативу фарҳангӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҳамватанони муқимӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ карда шуд. 
Зимни мулоқот, ҳамзамон, фаъолияти кори Шӯро ва гуруҳҳои кории он, баргузории чорабиниҳои муштарак, ҷаласаи Шӯро, ҳайати Котибот ва тартиби фаъолияти кори он фаҳмонида шуда, дар бораи сомонаи расмии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия маълумот дода шуд. 
Дар анҷоми вохӯрӣ барои таъсиси гуруҳҳои корӣ дар назди ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони вилояти Иркутск даъват карда шуд.