БОШҚИРДИСТОН: ТОҶИКОН ФАЪОЛИЯТИ НАМУНАВӢ ДОРАНД

Главная \ БОШҚИРДИСТОН: ТОҶИКОН ФАЪОЛИЯТИ НАМУНАВӢ ДОРАНД
← Предыдущая Следующая →

31 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон дар толори маҷлисгоҳи Конгресс Холл машварати минтақавии Шуьбаи Ассамблеяи халкҳои Россия дар Ҷумхурии Бошқирдистон баргузор гардид.  
Машварати минтақавӣ таҳти роҳбарии раиси Ассамблеяи халқҳои Россия дар Ҷумҳурии Бошқирдистон Рахматуллина Зугура Ягану́ровна  баргузор гардида, дар кори машварат инчунин муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Бошқирдистон Лапшина Н.М. иштирок ва суханоронӣ намуд. 
Дар кори машварат масъалаҳои ҳамзистии халқҳои Россия, баргузории чорабиниҳои иттилоотиву машваратӣ, пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ, тарбия намудани насли наврас дар роҳи худшиносӣ, гиромидошти арзишҳои миллии халқҳои Россия ва дигар масъалаҳои марбут ба он баррасӣ карда шуданд. 
 Ҳамзамон дар кори машварати халқҳои Россия дар Ҷумҳурии Бошқирдистон роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Уфа Ҳакимҷон Буров иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои буду боши тоҷикони муқимӣ дар шаҳри Уфа, баррасии масъалаҳои ҷойдошта дар фаъолияти меҳнатии тоҷикон дар ҷумҳурии мазкур, баргузории чорабиниҳои мухталифи омӯзишиву азхуднамоӣ суханронӣ намуданд. 
Зикр гардид, ки тоҷикон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, маданиву фарҳангӣ ва варзишии Ҷумҳурии Бошқирдистон фаъолият намуда, дар рушди иқтисодии кишвари мазкур саҳмгузорӣ менамоянд. 
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки фаъолияти тоҷикон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Бошқирдистон намунаи ибрат буда, мушкилотҳои ҷойдошта дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои марбута баррасӣ карда мегаванд.