БОЗДИД АЗ МАРКАЗИ ФАРҲАНГ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Главная \ БОЗДИД АЗ МАРКАЗИ ФАРҲАНГ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
← Предыдущая Следующая →

Имрӯз роҳбари гуруҳи кории маориф ва илми Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Федератсияи Россия Қурбонов Нуралӣ Ҳайдарович ҳамроҳ бо масъулини Сафорати ҶТ дар ФР дар доираи баргузории Форуми дӯстии халқҳо, ки дар Донишгоҳи лингвистикии шаҳри Москва баргузор гардида истодааст, аз “Маркази фарҳанг ва забони тоҷикӣ” дидан намуданд.

Зимни боздид аз марказ, бо шароити кори он ошно гардида, бо донишҷӯён ва омӯзгорон суҳбат ороста, вобаста ба арзишҳои миллии миллати тоҷик, таърихи ташаккулёбии забони тоҷикӣ, осори гаронбаҳои адибони классик ва муосири тоҷик, баргузории чорабиниҳои муштарак ва тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт андешаронӣ намуданд. 

Иттилоъ дода шуд, ки дар маркази мазкур шаҳрвандони хориҷӣ ба омӯзиши забони тоҷикӣ машғул буда, донишҷӯён бо анҷоми соли таҳсил пас аз худ намудани барномаи таълимӣ озодона бо забони тоҷикӣ суҳбат менамоянд. 

Донишҷӯёни хориҷӣ дар ҳузури меҳмонон аз ашъори адибони классики тоҷик шеърҳо қироат намуданд.