Боздид аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар  шаҳри Екатеринбург

Главная \ Боздид аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар  шаҳри Екатеринбург
← Предыдущая Следующая →

30 декабри соли 2023  муовини роҳбари  Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров ва гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ-зодагони ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбург воқеъ дар кӯчаи Горнистов 15/4 дидан карда, барои бошандагони ин Марказ, аз ҷумла ҳамватанон, дастархони солинавӣ бо оши палоби тоҷикӣ оростанд ва барои кӯдакони бошанда туҳфаҳои солинавӣ карданд.