Боздид аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбург
Главная \ Боздид аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбург
Дата публикации: 11.11.2024
Бо дархости Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, 9 ноябри соли 2024 ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров бошандагони Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбург(кӯчаи Горнистов,15/4) аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро хабар гирифт, барояшон дастархони миллиро бо оши палоби тоҷикӣ орост, суҳбатҳои дилнишин кард ва ба саволҳояшон посухҳо доданд.
Дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Первоуралски вилояти Свердловски Федератсияи Россия, ба ҳолати 9 ноябри соли 2024, ҳашт нафар бошанда-шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд. Онҳо низ-бо омадани навбаташон ба Тоҷикистон бармегарданд.