Боздид аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ

Главная \ Боздид аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ
← Предыдущая Следующая →
25 сентябри соли 2024, кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия воқеъ дар Сахаровои шаҳри Москва боздид намуданд.

Зимни боздид, бо роҳбарияти Маркази номбурда мулоқот анҷом дода шуда, масъалаҳои марбут ба саривақт баргардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан, инчунин шароити нигаҳдории онҳо дар ин муассиса, баррасӣ карда шуд.

Ҳамчунин, дар доираи боздид бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом дода шуда, зимни сӯҳбат маълумот оид ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, инчунин ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо, маслиҳату тавсияҳо дода шуд.

Ҳамзамон, ба шаҳрвандон маводҳои ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз расонида шуд