ДАР ДОНИШГОҲИ ГЕОЛОГИИ МОСКВА НАВРӮЗ БО ШУКУҲУ ШАҲОМАТ ТАҶЛИЛ ГАРДИД
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии геологии Россия ба номи Серго Орджоникидзе чорабинии тантанавӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз бо як шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони кишварҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Бошқирдистон ва Тотористони Федератсияи Россия намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва таомҳои миллии худро ба намоиш гузошта, барномаи рангини фарҳангӣ ба намоиш гузошта шуд.
Шоистаи зикр аст, ки чорабинии мазкур бо ибтикори роҳбари Кумитаи илми Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қурбонов Нуралӣ Ҳайдарович роҳандозӣ гардида, дар маросими ифтитоҳи чорабинии мазкур ректори Донишгоҳи давлатии геологии Россия ПАНОВ Юрий Петрович иштирок ва суханронӣ намуд.
Инчунин, дар чорабинии болозикр намояндагони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишгоҳ, донишҷӯён ва кормандони ин боргоҳи таълимӣ иштирок намуданд.
Аз ҷониби намояндагони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз рақсу тарона ва сурудҳои хоси миллӣ ба намоиш гузошта шуда, ансабли фарҳангии “Лаъл” ва гуруҳи рақсии “Санам” бо беҳтарин суруду тарона ва рақсҳои ҷазобу дилнишини тоҷикӣ фарҳанги волои миллиро муаррифӣ намуданд.
Дар доираи чорабинии тантанавӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду навъи оши палоби тоҷикӣ барои тамоми иштирокдорони чорабинӣ омода ва барои онҳо пешкаш карда шуд, ки ректори донишгоҳ дар маросими он иштирок намуд.