ДАР НАВОКУЗНЕСК ХАТАРУ ТАҲДИДҲОИ ТЕРРОРИЗМ МУҲОКИМА ГАРДИД

Главная \ ДАР НАВОКУЗНЕСК ХАТАРУ ТАҲДИДҲОИ ТЕРРОРИЗМ МУҲОКИМА ГАРДИД
← Предыдущая Следующая →

Рӯзи 3 апрели соли 2024 дар шаҳри  Новокузнески Федератсияи Россия бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳр "Русско-таджикская дружба" мулоқоти судманд бо донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии шаҳр баргузор гардид.

Дар мулоқоти мазкур корманди Маркази мубориза бо терроризм ва экстремиз дар вилояти Кемерово Шиллер Вадим Викторович, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон Тахиров Шавкат Исломович, ҷойнишини роҳбари ташкилот Одинаев Раҳмоналӣ Талбиевич, муовини ректори  Донишгоҳи давлатии индустралии шаҳр Гордеева Любовь Викторовна ҷавонон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Пеш аз оғози мулоқот ба хотири эҳтироми фавтидагон дар амалиёти террористӣ даққиқаи хомушӣ эълон карда шуд.

Иштирокчиёни мулоқот дар якҷоягӣ ва ҳамовозӣ амали террористӣ дар шаҳри Москваро маҳкум намуда, аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки дар шароити кунунӣ аз ҳама гуна хатару таҳдидҳои муосир боэҳтиёт бошанд.

Масъулини соҳа, кормандони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон ба ҷавонон масъалаи гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гуруҳҳои даҳшатафкану ифротгаро, хатарҳои замони муосир, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ дар миёни наврасон ва ҷавонон, густариши муносибатҳои байнимиллатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҷамъиятиро ба таври озод суҳбат намуда, машварат ва тависяҳои муҳим доданд.

Дар анҷоми мулоқот саволҳо пешниҳод гардида, посухҳои мушаххас дода шуд.