Дар Санкт-Петербург бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯриҳо доир гардиданд

Главная \ Дар Санкт-Петербург бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯриҳо доир гардиданд
← Предыдущая Следующая →

Аз 7 то 15 октябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия силсилавохӯриҳои муовини якуми Вазири корҳои дохилии ҶТ Абдураҳмон Аламшозода бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ин шаҳр, Консулгарии генералӣ, диаспораҳои тоҷикон, донишҷӯён ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид. 

Зимни вохӯриҳо вобаста ба густариш ёфтани муносибатҳои байналмилалӣ ва афзоиши нуфузу эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ, Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, пешгирии ҳамроҳшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ташкилоти террористию экстремистӣ, тақлиди фарҳанги бегона, инчунин риоя намудани қонунҳои амалкунандаи давлати иқомат ва даст назадан ба ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ сухан гуфта шуд.

Иштирокчиёни вохӯриҳо даъват шуданд, ки дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ, инчунин таъмини амният, оромӣ, суботи ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳми босазо гузоранд.