ДАР ШАҲРИ МОСКВА ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ МИЗИ МУДАВВАР ДОИР ГАРДИД
Имрӯз бо ибтикори Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар шаҳри Москва мизи мудаввар дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби иртиҷоӣ миёни занону бонувон дар замони муосир: мушкилот ва роҳи ҳал” бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур таҳти сарпарастии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор гардида, дар он занону бонувони фаъол, олимону муҳаққиқон, коршиносони соҳа, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баргузории мизи муддавар масъалаҳои саҳми занон дар нигоҳдошти анъанаҳои миллӣ, фарҳанг, таърих, забон ва оинҳои мардумӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, мушкилиҳои иҷтимоӣ – фарҳангии оилаи муосири тоҷик ва роҳҳои бартараф кардани он тавасути баланд бардоштани маърифатнокӣ ва сатҳи дониши насли наврас, густариши масъалаҳои дингароӣ ва бегонапарастӣ дар миёни занону бонувон дар хориҷи кишвар чун омили хатарзо дар замони муосир, танзими раванди муҳоҷират дар миёни занон: мушкилот ва роҳи ҳали он, симо ва хислатҳои ахлоқии зани тоҷик дар ҷамъияти имрӯзаи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, ташкили чорабиниҳои мухталиф дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баррасӣ гардид.
Нахуст, зимни баргузории мизи мудаввар нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуда, иброз гардид, ки Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 амалӣ шуда истодааст. Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун буда, он меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба ин Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Вобаста ба моҳияти масъалаҳои дар болоовардашуда Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд.
Зикр гардид, ки бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мулоқоту вохӯриҳо, чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шуда, дар ҳавзаҳои федералӣ ва шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия ташкил ва баргузор карда мешаванд.
Дар кори мизи мудаввар оид ба масъалаҳои “Саҳми занон дар нигоҳдошти анъанаҳои миллӣ, фарҳанг, таърих, забон ва оинҳои мардумӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ” роҳбари Кумитаи кор бо занони Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Азимова Дилором Артиковна, “Мушкилиҳои иҷтимоӣ-фарҳангии оилаи муосири тоҷик ва роҳҳои бартараф кардани он тавасути баланд бардоштани маърифатнокӣ ва сатҳи дониши насли наврас” роҳбари Кумитаи илми Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Муҳаббатов Ҳоким, “Густариши масъалаҳои дингароӣ ва бегонапарастӣ дар миёни занону бонувон дар хориҷи кишвар чун омили хатарафзо дар замони муосир” Алимардонова Турсуной, “Танзими раванди муҳоҷират дар миёни занон: мушкилот ва роҳи ҳал” корманди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Холназаров Ромиш, “Муҳоҷират ва симои занони Тоҷикистон” номзади илмҳои филологӣ, коршиноси соҳа Тоҳирова Муҳайёхон Музафаровна, “Гиромидошти фарҳанг ва расму оинҳои мардумӣ рисолати занону бонувон” роҳбари Кумита оид ба масъалаҳои фарҳангии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Гулшерхонова Малина Шермамадова, “Ифтихори миллӣ: саҳми занон дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ” роҳбари занону бонувони маркаҳои тиҷоратии шаҳри Москва Ҷураева Мунира Рахматовна, “Маърифати зани тоҷик дар ҷамъияти муосири дунявӣ” собиқадори соҳаи меҳнат Ганиева Гулнора, “Саҳми занон дар шароити кунунӣ” роҳбари Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва тандурустии Шӯрои ҷамъиятӣ Ҳабибова Гулшан, "Симо ва хислатҳои ахлоқии зани тоҷик дар ҷамъияти имрӯзаи тоҷик” аъзои Кумитаи кор бо занони Шурои ҷамъиятӣ Қосимова Мусалама Яҳёевна, “Нақши занон дар замони муосир” мененҷери барномасози Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Москва “Нур” Матробова Насима Амиршоевна баромад намуданд.