ДАР ШАРҚИ ДУР ОМӮЗИШ МИЁНИ ЗАНОН ВА АЪЗОИ ОИЛАИ МУҲОҶИРОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Главная \ ДАР ШАРҚИ ДУР ОМӮЗИШ МИЁНИ ЗАНОН ВА АЪЗОИ ОИЛАИ МУҲОҶИРОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД
← Предыдущая Следующая →

Ҷаласаи кумитаи кор бо занони Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Шарқи Дур  бо иштироки занону бонувони фаъоли Шарқи Дур баргузор гардид.  
Нахуст, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Шарқи Дур Моҳтоб Ғафурова роҳбари кумитаи кор бо занони Шарқи Дур Бобоҷонова Давлатгул Қубодовнаро барои иштирокчиёни ҷаласа муаррифӣ намуда, дар фаъолияти минбаъдаи корӣ бурдборӣ таманно намуд. 
Дар кори ҷаласаи мазкур аъзоёни кумитаи кор бо занони Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Шарқи Дур роҳбар, муовинон ва аъзоёни кумитаро тасдиқ намуданд. 
 Бо мусоидати роҳбари ташкилоти ҷамъиятӣ аз ҳисоби занони фаъол, азҷумла Шодиева Мунира Мирзоевна  ташкили курси омӯзиши забони русӣ барои ҳамватанони муқимӣ ба роҳ монда шуда, аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаи онҳо ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Инчунин пешниҳод гардид, ки бо мақсади омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, дузандагӣ, омоданамоии таомҳои миллӣ  ва хӯрокҳои миллӣ курсӣ омӯзишӣ ба роҳ монда мешавад. 
Аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Шарқи Дур дар соли 2024 чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ, мулоқоту вохӯриҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.