Даври ниҳоии озмуни «Донишҷӯи сол - 2023»

Главная \ Даври ниҳоии озмуни «Донишҷӯи сол - 2023»
← Предыдущая Следующая →

25 январи соли 2024 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Комиссияи  озмуни «Донишҷӯи сол - 2023»  даври ниҳоии озмунро баргузор намуда, беҳтаринҳоро муайян намуд.

Озмуни  «Донишҷӯи сол - 2023»-ро  миёни донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо дастгирии Сафорат ва Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия ташкил ва баргузор намуд.

Ба Комиссияи озмун аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи Низомномаи озмун донишҷӯёни тоҷик аз минтақаҳои кишвари иқомат номзадии худро пешбарӣ намуда, даври аввал ва дуюми озмун ба таври фосилавӣ ва даври ниҳоии озмун ба тариқи ҳузурӣ баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории озмун дарёфти чеҳраҳои нави ҷавонони лаёқатманди тоҷик дар кишвари иқомат, муаррифии ҷавонони соҳибистеъдод, муттаҳид намудани ҷавонон дар хориҷи кишвар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии онҳо, муаррифии чеҳраҳои нав дар соҳаҳои гуногун дар байни донишҷӯён мебошад.

Беҳтарин донишҷӯи сол аз ҷониби ҳайати Комиссияи босалоҳият, ки аз ҳисоби аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таъсис ёфтааст, муайян гардида, бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Тибқи қарори Комиссияи озмун аз рӯи холҳои ба дастоварда ҷойи аввалро Азимов Сарваршоҳ донишҷӯи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналхалқии Москва, ҷойи дуюмро Ҳайдаров Беҳрӯз – Донишгоҳи дустии халқҳои Россия ва Раҳматуллоева Суман – Донишгоҳи давлатии лингвистикии Москва ва ҷойи сеюмро Оқилов Муҳаммадҷон – Донишгоҳи давлатии индустриалии Сибир ва Холбоев Азизҷон – Донишгоҳи федералии шарқӣ соҳиб гардиданд.