Дилро ба дил роҳест...
Дилро ба дил роҳест...
Тоҷикистон, Тоҷикистон мекунам шукри каму бисёри ту,
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.
Аз ту ман сарват намехохам, Ватан ҳастӣ бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст
Ватан нангу номус, шаъну шараф, обруву эътибори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст. Истиқлолияти Ватан неъмати бебаҳост. Ҳазорсолаҳо миллати тоҷик накӯном зистааст. Аз тоҷик будан ва фарҳанги воло доштани худ ифтихор дорем. Шоми фарҳангии тоҷик дар сарзамини Россия шаҳодати гуфтаҳои боло аст. Туҳфаи беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ айни муддао ва беназиртарин туҳфаи идона барои мо тоҷикони Россия буд.
Ҳайати гуруҳи эстрадии Муассисаи давлатии “Оркестри симфонӣ”-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз навозандагони чирадаст ва сарояндаҳои хушовоз дили меҳмонони консерти идонаро такон дод.
Бояд зикр намуд, ки ҳангоми даъват ба консерт, ба ман имкони даъвати ҳамкорон, шогирдон ва дӯстдорони санъати тоҷикро доданд. Дар миёни даъватшудагон, Директорони Марказҳои забон ва фарҳанги молдованӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, озарбойҷонӣ, гурҷӣ бо шогирдони русзабони худ иштирок доштанд. Шогирдоне, ки дар Донишгоҳи мазкур забони тоҷикӣ меомӯзанд, кайҳост дар чорабиниҳои Сафорат, худро мизбон ҳис мекунанд. Дар баланд бардоштани шавқи шогирдон нисбати фарҳанги мо, саҳми Сафири Фақуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ арзанда аст.
Баромади ҳунармандони хизматнишододаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасани Ҳайдар, Парвин Юсуфӣ, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Таҳмина Ниёзова, Нигора ва Суруш Холовҳо, Муҳаммадҷон Негматов, Туҳфа Қосимова, Ҳусниддин Мискинов бо сабку овози нотакрор дили ҷамъомадагонро пур аз шодиву нишот карданд.
Ҳангоми ба анҷом расидани консерт устодон ва шогирдони донишгоҳ, ки бениҳоят эҳсосотӣ буданд, боз чанд муддати дигар бо санъаткорони тоҷик акс мегирифтанд. Бо роҳбари Оркестр Олимҷон Солизода ва Парвин Юсуфӣ аз наздик шинос шуда, миннатдории хешро баён мекарданд. Хулласи калом, дилро ба дил роҳест... Бовар дорам, меҳмонон таассуроти фаромушнашаванда бардоштанд.
Муҳаббат ва садоқати бепоён, водор месозад, ки ҳар яки мо, тоҷикистониён, хизмати Модар – Ватанро самимона ва бо масъулияти баланд дар дилхоҳ кунҷи дунё анҷом диҳем. Дар тарғибу ташвиқи забон ва фарҳанги худ намунаи ибрат бошем.
Бо шукргузорӣ аз сулҳу амнияти меҳан ба Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, барои ҳадяи беназир, сипоси худро аз номи ҳайати кормандон ва шогирдони Донишгоҳи давлатии лингвистии Москва (МГЛУ) мерасонам.
Бо эҳтиром, Сайёра Ашрапова - номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи забон ва фарҳанги Давлатҳои Иттиҳоди Мустақил ва хориҷаи наздик, Директори Маркази забон ва фарҳанги тоҷик дар Донишгоҳи давлатии лингвистии Москваи Федератсияи Россия