Гиромидошти Ҳайдар Мақсудов дар шаҳри Москва
Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бахшида ба 90 солагии ходими намоёни давлатии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, шахсияти шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақсудов Ҳайдар Мақсудович чорабинии гиромидошти ӯ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур, фарзандону наберагон, шогирдон, аҳли илму адаби тоҷики муқими шаҳри Москва, намояндагони касбу кори гуногуни кишвари иқомат, ки бо Ҳайдар Мақсудович кору фаъолият ва робитаи дӯстӣ доштанд, иштирок ва дар бораи корнамоиҳо, талошҳову заҳматҳои номбурда ибрози назар намуданд.
Дар чорабии мазкур, ҳамзамон, Котиби Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки Мақсудов Ҳайдар Мақсудович 14 ноябри соли 1933 дар оилаи коргар ба дунё омада, дар даврони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар саҳми назаррас дошт, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст.
Мақсудов Ҳайдар Мақсудович 17 сентябри соли 2016 ба олами абадӣ пайваста, дар шаҳри Душанбе ба хок супорда шудааст.
Фарзандону наберагон ва аберагони мавсуф дар соҳаҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ фаъолият намуда, идомадиҳандагони кору пайкори падар барои халқу миллат хизмати шоистае намуда истодаанд.