ИМОМЗОДА НАҶМИДДИН БО ДОНИШҶӮЁНИ ШАҲРИ ХАБАРОВСК МУЛОҚОТ НАМУД

Главная \ ИМОМЗОДА НАҶМИДДИН БО ДОНИШҶӮЁНИ ШАҲРИ ХАБАРОВСК МУЛОҚОТ НАМУД
← Предыдущая Следующая →


Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Имомзода Наҷмиддин бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии техникии Хабаровск ва Донишгоҳи давлатии нақлиёти Шарқи Дур таҳсил мекунанд, вохӯрӣ анҷом дод.

Дар вохӯрӣ бо донишҷӯён оид ба раванди таълим, шароити зиндагӣ, консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик табодули афкор сурат гирифт.

Консули генералӣ таъкид дошт, ки имрӯз Ҳукумати кишвар ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷавони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз донишҷӯёни хориҷи кишвар умеди зиёд дорад.

Дар робита ба ин, Консули генералӣ аз донишҷӯён даъват ба амал овард, то дар фаъолияти ҳамарӯзаи хеш тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, намунаи равшани дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ бошанд. Пешниҳод гардид, то дар вақти берун аз дарс ҳарчи бештар ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, илму техникаи пешрафта, касбу ҳунарҳои замонавӣ мароқ зоҳир намуда, дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзанд.