ИРКУТСК:ПУЛИ ДӮСТӢ АЗ ПОМИР ТО БАЙКАЛ

Главная \ ИРКУТСК:ПУЛИ ДӮСТӢ АЗ ПОМИР ТО БАЙКАЛ
← Предыдущая Следующая →

Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Иркутск “Ҳамватанон” дар Донишгоҳи давлатии нақлёти шаҳри Иркутск Фестивали «Пули дустӣ аз Помир то Байкал: майдони  сулҳ ва хамфикрӣ» ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳр, ҷавонони касбу кори гуногун, ҳамватанони бурунмарзӣ, шаҳрвандони муқимӣ ва намояндагони вазорату идораҳои вилояти Иркутск  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар доираи фестивали мазкур чорабиниҳои гуногун аз қабили намоиши расму оинҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, таомҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ, барномаҳои варзишӣ, илмию адабӣ ва фарҳангӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал бо расму оинҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, таомҳои халқи тоҷик ва тавассути намоиши барномаи адабию фарҳангӣ бо осори адабию таърихи халқи тоҷик аз наздик ошно гардиданд.  

Дар доираи фестивали мазкур ҷиҳати муаррифии таомҳои мардумии халқи тоҷик барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони муқимӣ ҷашни “Оши палоб” ташкил ва баргузор карда шуд, ки писанди иштирочиёни фестивал гардид.