Иштирок дар конфронси ҲРУ
Дирӯз дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои шаҳри Москваи Федератсияи Россия конфронси байналмилалии илмӣ бо мақсади инкишофи устувори тамаддун: ҳамкорӣ, илм, маориф, техника дар доираи иҷрои барномаи Ҳадафҳои Рушди Устувор барои Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи Кариб то соли 2030 таҳти сарпарастии Комиссияи Федератсияи Россия оид ба ЮНЕСКО ва бо дастгирии Фонди рушди РУДН баргузор гардид, ки дар кори он роҳбари Кумитаи кор бо воситаҳои ахбори оммаи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Салимзода Каримҷон Ҳасан иштирок намуд.
Дар конфронси мазкур беш аз 1500 нафар коршиносони соҳаи рушди устувор, идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ, намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти давлатӣ аз 72 кишвари олам иштирок ва суханронӣ намуданд.