ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР КОНГРЕССИ III БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ МИНСК
Главная \ ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР КОНГРЕССИ III БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ МИНСК
Дата публикации: 28.11.2023
Аз 27 то 29 ноябр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Конгресси III байналмилалии «Сиёсати забонии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардида истодааст.
Конгрес бо ибтикори Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва дар якҷоягӣ бо «Россотрудничество» дар заминаи Донишгоҳи давлатии забоншиносии Минск баргузор мегардад.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш- гузаронидани таҳлили вазъи забон дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, арзёбии самаранокӣ ва муҳокимаи таҷрибаи мавҷуда мебошад.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок намуда истодаанд.