ИТТИҲОДИ ТОҶИКОНИ ШАҲРИ ВОЛГОГРАД АКСИЯИ ВИЛОЯТӢ БАРГУЗОР НАМУД
Главная \ ИТТИҲОДИ ТОҶИКОНИ ШАҲРИ ВОЛГОГРАД АКСИЯИ ВИЛОЯТӢ БАРГУЗОР НАМУД
Дата публикации: 04.04.2024
Иттиҳоди тоҷикони шаҳри Волгогради Федератсияи Россия дар якҷоягӣ бо “Хонаи миллатҳо”-и шаҳри Волгоград аксияи “Мо андуҳгинем”-ро бо иштироки тоҷикистониёни шаҳр ва вилояти Волгоград ва шаҳрвандони муқимӣ шаҳр баргузор намуданд.
Роҳбари Иттиҳоди тоҷикони шаҳри Волгоград иброз намуд, ки ҳодисаи фоҷиаборе, ки рӯзи 22 март дар “Крокус Сити Холл” рух дод, дар қалби бисёриҳо осори фаромӯшнашаванда гузошт. Мо ин амали террористиро маҳкум менамоем ва талош менамоем, ки миёни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгароиро пурзӯр намоем.
Ба хотираи қурбониёни амали террористӣ дар шаҳри Волгоград дар майдони Москва дар пояи муҷассамаи Мамаев Кургон гулчанбар гузошта, шамъҳоро фурӯзон намуданд.