ИЗҲОРОТИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТИИ НАЗДИ САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия амали террористии даҳшатнок бар зидди шаҳрвандони осоишта дар Маҷмааи консертии Крокус-Сити Холлро, ки санаи 22 марти соли 2024 ба вуқуъ омад, қатъиян маҳкум менамояд.
Амали террористии болозикр, ки боиси ҳалокати шаҳрвандони осоишта гардид, моро сахт андуҳгин намуд.
Терорист дин, мазҳаб ва миллат надошта, шахсони берун аз тафаккури инсоният ба чунин амалҳои даҳшатнок, ки боиси ҳалокати шаҳрвандони осоишта мегарданд даст мезананд. Давлатҳои гуногуни ҷаҳон барои пешгирии амалҳои террористӣ дар дунё миёни ҳам ҳамкории густурда доранд, то пешгирӣ аз амалҳои террористӣ намоянд.
Мутаассифона, гуруҳҳои террористиву иртиҷоиву даҳшатафкан, диниву мазҳабӣ ва тундгароёна дар минтақаҳои гуногуни олам пайдо шудаанд, ки шахсони бесаводу аз таҳсил дурмондаро ба доми фиреби худ мегиранд. Аз чунин шахсон истифода намуда, баҳри татбиқи ҳадафҳои ғаразонаи худ дар кишварҳои гуногуни олам амалҳои даҳшатафканро ба амал оварда, гумроҳгаштагонро чун истифода менамоянд.
Ҳодисаи террористӣ бар зидди шаҳрвандони осоишта дар Маҷмааи консертии Крокус-Сити Холлро, ки санаи 22 марти соли 2024 ба вуқуъ омад, яке аз амалҳои террористии гуруҳҳои миллатгарон ва иртиҷоиву террористӣ ба ҳисоб меравад, ки боисии марги шумораи зиёди сокинони осоишта гардид.
Мо ба наздикону пайвандони фавтидагон сабри ҷамил ва ба беморону зарардидагон дар амали терористии болозикр шифои комил мехоҳем.
Мо Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо ҳамаи миллатҳои Федератсияи Россия ғамгину андуҳгинем! https://vk.com/wall-216279285_369