Қаҳрамонии Фарзон Салимов  ва ҳамроҳонаш дар хотираҳои мардум боқист!

Главная \ Қаҳрамонии Фарзон Салимов  ва ҳамроҳонаш дар хотираҳои мардум боқист!
← Предыдущая Следующая →

Корнамоии Фарзон Салимов бо 4 нафар тоҷикистонии дигар дар маркази тиҷоратии «Зимняя вишня»-и шаҳри Кемерово, ки беш аз 50 нафарро аз дами оташ наҷот доданд, сутуданист.

Ин воқеа моҳи марти соли 2018 рӯй дода буд. Маҳз ҷасорати тоҷикписарон буд, ки теъдоди қурбониёни ин фоҷиаи маргбор ба маротиб кам гардид.
Аз корнамоӣ ва ҷасорати онҳо дар расонаҳои хабарии Федератсияи Россия бо арзи сипос матлабҳои зиёд нашр мегашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо мардуми Кемерово, балки тамоми кишвар изҳори миннатдории самимӣ мекарданд.

Ҳатто Владимир  Соловёв, ровии маъруфи телевизиони “Россия 1” дар барномаи “Вечер с Владимиром Соловьевым” аз қаҳрамонии ин ҷавонмардон ситоиш карда, чунин гуфта буд: “Ана онҳо қаҳрамонанд! Ба онҳо бояд мукофот диҳанд!”.

Ҳамин буд, ки қаҳрамонии тоҷикписар Фарзон Салимов аз ҷониби Кумитаи тафтишотии Россия бо медал қадр гардид. Вале дар ҷавоб ба ин ҳама Фарзон Салимов ва ҳамроҳонаш чунин иброз доштанд: «Мо танҳо қарзи инсонии худро адо кардем».