Қадрдонии роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон дар Россия

Главная \ Қадрдонии роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон дар Россия
← Предыдущая Следующая →

Роҳбари Ташкилоти  миллӣ-фарҳангии “Маркази тоҷикон “Дӯстӣ” (2015) дар шаҳри Ставропол Шаҳобов Қурбонхуҷа Саидхонович барои фаъолияти густурда бо мақомотҳои кишвари иқомат, баргузории чорабиниҳои гуногун дар соли 2023, мусоидат ба ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин минтақаи Россия бо сипоснома аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатии шаҳри Ставропол сарфароз гардонида шуд. 
 Аз номи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Шаҳобов Қурбонхуҷа Саидхоновичро барои ин дастовард самимона табрик менамоем.