Каримов Минҳоҷиддин дар Новосибирск маротибаи дуввум  роҳбар интихоб шуд

Главная \ Каримов Минҳоҷиддин дар Новосибирск роҳбар интихоб гардид
← Предыдущая Следующая →

2 декабри соли  ҷорӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ассотсиатсияи автономияҳои миллӣ-маданӣ ва ташкилотҳои миллии Новосибирск ва вилояти Новосибирск «Иттиҳод» баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст, фаъолияти ташкилотҳо дар соли 2023 баррасӣ гардида, ҳисоботҳои роҳбарон ва масъулон дар самти фаъолияти корҳои ҷамъиятӣ ва баргузории чорабиниҳои доиргардида дар соли 2023 шунида шуд.

Зикр гардид, ки тақвияти фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар соли 2023 назаррас буда, тадбирҳои андешидашуда дар соли сипаригардида, мувафаққона амалӣ гардиданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа интихоби роҳбар дар давраи муайяни корӣ муҳокима гардида, иштирокдорон тибқи тартиби муайян номзадии чанд нафарро пешбарӣ намуданд.

Дар натиҷаи баргузори овоздиҳии пӯшида, аз ҷониби вакилони автономияҳои миллӣ-фарҳангӣ ва созмонҳои миллӣ – аъзои Ассотсиатсияи Иттиҳод  ба ҳайси роҳбари ба муддати ду сол Каримов Минҳоҷидин Меҳтоҷиевич дар Ассотсиатсияи автономияҳои миллӣ-фарҳангӣ ва созмонҳои миллии Новосибирск ва вилояти Новосибирск «Иттиҳод» интихоб гардид.