Конфронси илмию амалӣ бахшида ба бузургдошти академик Бобоҷон Ғафуров

Главная \ Конфронси илмию амалӣ бахшида ба бузургдошти академик Бобоҷон Ғафуров
← Предыдущая Следующая →

30 октябри соли 2024 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо  Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия конфронси илмию амалӣ бахшида ба бузургдошти академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Дар корӣ конфронс доираҳои илмиву эҷодӣ, аз ҷумла шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорони муассисаҳои олии кишвари иқомат иштирок ва суханронӣ карданд.

Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронии худ қайд намуд, ки саҳми Бобоҷон Ғафуров дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, инкишофи илму фарҳанги муосири ҷумҳурӣ ва илми шарқшиносии асри ХХ бисёр муассир арзёбӣ шудааст. Роҳбари намояндагии дипломатӣ таъкид намуд, ки Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро дар ҷодаи таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст. Бинобар ин, барои фаъолияти барҷастаи давлатӣ ва хизматҳои бузург дар инкишофи илму фарҳанг, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ба Бобоҷон Ғафуров 8-уми сентябри соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд.

Дар рафти чорабинии мазкур олимону коршиносони сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла Виталий Наумкин - академики Академияи илмҳои Россия ва Директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия Аликбер Аликберов суханронӣ намуда, дар бораи хизматҳои арзандаи Бобоҷон Ғафуров дар роҳи муаррифии мардуми бофарҳангу тамаддунофари тоҷик дар арсаи байналмилалӣ андешаронӣ карданд.

Дар доираи баргузории конфронси мазкур либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва аксҳои аз ҳаёт ва фаъолияти Б. Ғафуров ва шоҳасари ӯ - “Тоҷикон” - ба намоиш гузошта шуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки Бобоҷон Ғафуров аз соли 1956 то соли 1977 дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС (ҳоло Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия) роҳбарӣ мекард.