КОНСУЛИ ГЕНЕРАЛӢ ДАР ШАҲРИ ХАБАРОВСК БО ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ ВОХӮРӢ НАМУД

Главная \ КОНСУЛИ ГЕНЕРАЛӢ ДАР ШАҲРИ ХАБАРОВСК БО ҲАМВАТАНОНИ БУРУНМАРЗӢ ВОХӮРӢ НАМУД
← Предыдущая Следующая →
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Имомзода Наҷмиддин дар шаҳри Хабаровск бо намояндагони диаспораи тоҷикон ва фаъолони минтақаи мазкур вохӯрӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ бо роҳбарони диаспораи тоҷикон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони онҳо Консули генералӣ ба ҳозирин нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода, роҷеъ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Ҳамчунин Консули генералӣ дар зимн аҳаммияти нигоҳ доштани робита ва ҳамкории доимии роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон бо ҳамватанонро таъкид намуд. Илова бар ин, зарурати риояи қонуну қоидаҳои будубош дар Россия таъкид карда шуд.

Ҳамзамон доир ба тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо андешидашуда маълумот пешниҳод гардид.