КӮМАКИ ТОҶИКОН БА ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР ШАҲРИ ОРСК

Главная \ КӮМАКИ ТОҶИКОН БА ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР ШАҲРИ ОРСК
← Предыдущая Следующая →

Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия вобаста ба ҳодисаи обхезӣ дар шаҳри Орски вилояти Оренбург иттилоъ медиҳад, ки аз рӯзи аввали ҳодисаи мазкур Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Орск,  ҷиҳати кӯчонидани аҳолӣ ба минтақаи бехавф фаъолона ширкат варзида истодаанд.

            Тибқи иттилои роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Орск  Тошов Абдуқаюм  Воҳидович аз ҳисоби тоҷикони муқимӣ, барои сокинони аз обхезӣ зарардида дар чор минтақаи ҷойгиршавии шахсони кӯчонидашуда аз хатар кӯмакҳои аввалия, аз ҷумла маводҳои санитарӣ, маводҳои либоса барои кӯдакон ва калонсолон, пойафзол ва дигар кӯмакҳои моддии  зарураро расонидаанд.

            Аз рӯзи аввали ҳодисаи мазкур  6 адад автомобилҳои боркашонӣ, 6 адад автомашинаҳои муосифиркашонӣ (бо 20 ҷойи нишаст) ва 5 адад  автомашинаҳои сабукрав (бо 4 ҷойи нишаст) аз ҳисоби тоҷикони муқимӣ барои кӯчонидани аҳолии осоишта муддати чанд рӯз аст, ки кӯмаки худро ба таври ройгон расонида истодаанд.

Панаистова Ирина Генадеевна, намояндаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Орск зимни суҳбат иброз намуд, ки “Пас аз ҳодисаи мазкур, мо ба ташкилоти ҷамъияти тоҷикон муроҷиат намудем, тоҷикон аз рӯзи аввал барои мо кӯмак намуда истодаанд. Миннатдори худро  ба тоҷикон байён менамоем”.

Имрӯз инчунин барои 500 нафар аҳолии аз офати табиӣ зарардида дар минтақаи ҷойгиршавии сокинони зарардидаи офати табиӣ оши палоб ба таври ройгон тақсим карда шудааст.