Маликшоҳ Неъматзода дар шаҳри Екатеринбург бо диаспораҳои тоҷикон мулоқот намуд
Дар дар дафтари кории Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург мулоқоти муфиди раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматзода бо роҳбарон ва намояндагони диаспораи тоҷикони муқими шаҳри Екатеринбург баргузор гардид.
Зимни мулоқот оид ба ҷанбаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулуҳ ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.
Иштирокчиёни мулоқот ҳамақида дар он буданд, ки сармояе, ки Сарвар давлати Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шакли мактаби сиёсии худ барои кишвар ва миллати мо захира кардааст, як сармояи таърихию ҳаётӣ аст. Зеро раҳнамудҳои ин мактаб барои як замон нестанд ва дар ҳамаи давронҳо метавонанд роҳкушо бошанд. Инҳо дарсҳои арзишманде ҳастанд, ки Пешвои муаззаму барӯманди мо дар тӯли солҳо аз таҷрибаи роҳбарӣ ба кишвар, аз бархӯрдҳо бо мухолифони давлат дар саҳнаҳои хатарнок, аз мушорикату ҳамкорӣ дар доираҳои бузурги сиёсати ҷаҳон ва аз талошҳои хастагинопазир дар амри дифоъ аз манфиатҳои кишвар ҳосил кардааст. "Вазифаи мо – насли имрӯзу фардо – ин аст, ки ин сармояро бо диққату эҳтиёти тамом нигаҳбонӣ кунем ва суди ин сармояи арзишмандро барои пешрафти имрӯзу ояндаи кишвар ба кор гирем,"- гуфт Маликшоҳ Неъматзода.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷиконро бо мукофотҳои гуногуни Федератсия иттифоқҳои касаба қаддонӣ намуданд.