МАСЪАЛАИ ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ГУРУҲҲОИ ИФРОТГАРОӢ ДАР ШАҲРИ УЛЯНОВСК

Главная \ БАРРАСИИ ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ГУРУҲҲОИ ИФРОТГАРОӢ ДАР ШАҲРИ УЛЯНОВСК
← Предыдущая Следующая →

Бо иштироки  раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Ульяновск Ҳайдаралӣ Маҳмадҷонов, муовини раис Камолиддин Каримов, ноиби ректори донишгоҳи аграрии шаҳри Уляновск Андрей Робертович ва омӯзгорони донишгоҳ бо донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи давлатии аграрии шаҳри Уляновск,  ки аз маркази шаҳр зиёда аз 20 километр дур ҷойгир шудааст вохӯрии судманд доир гардид.
Тибқи рӯзномаи вохӯрӣ масъалаҳои муҳими ҳаётӣ ба монанди итоат намудан ба қонунгузории Федератсияи Руссия, арҷ гузоштан ба фарҳангу тамаддуни мардуми муқимии рус, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги тоҷикон,  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.