МИЗИ МУДАВВАР: РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ИФРОТГАРОӢ ВА ТАҲКИМИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТӢ

Главная \ МИЗИ МУДАВВАР: РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ИФРОТГАРОӢ ВА ТАҲКИМИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТӢ
← Предыдущая Следующая →
Нимаи дуюми имрӯз бо ташаббуси Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мизи мудаввар дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили танзими расму оинҳои мардумӣ, ифротгароии динӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву забонӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон” ташкил ва баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар кормандони Сафорат, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ, ҷавонон ва донишҷӯён ва ҳамватанони бурунмарзӣ иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои матраҳшаванда дар кори мизи мудаввар суханронӣ намуданд.
 Зикр гардид, ки бо ташаббуси шоиста ва сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити созгору арзанда фароҳам оварда шуда, ҷавононро зарур меояд, ки аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, баҳри рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат саҳмгузорӣ намоянд.
Таъкид карда шуд, ки ҷиҳати пешгирии насли ҷавон аз омилҳои иртиҷоӣ, гаравиш ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, тарбия намудан дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ пайваста тадбирҳои мушаххасу муассир андешуда шуда, чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ амалӣ карда шавад.
Вобаста ба “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” омили рушди иқтисодӣ ва беҳбудии шароити аҳолӣ” Котиби Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия  Боев Саид Муллоевич, “Роҳҳои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонону наврасон” роҳбари Кумитаи маориф ва илми Шӯрои ҷамъиятӣ Қурбонов Нуралӣ Ҳайдарович, “Забон омили асосии нигоҳдории арзишҳои маданифу фарҳангӣ” муовини якуми Котиби Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Ҷурахонов Аъзамхон Ҷурахонович баромадҳои таҳлилӣ намуда, тавсия ва машваратҳои муфид доданд.
Зикр гардид, ки дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз насли ҷавони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи дунё таҳсил намуда истода, дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва маданиву  фарҳангию варзишӣ саҳми арзишманд гузошта, миллату давлат, фарҳангу осори пурғановати миллати тоҷикро дар хориҷи кишвар ба таври шоиста муаррифӣ намуда истодаанд. Ин аст, ки дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар ҷавонони донишманду ватандӯсти кишварамон дар соҳаҳои гуногун ва дар бузургтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ кору фаъолият намуда истодаанд.
Дар анҷоми мизи мудаввар аз ҷониби иштирокчиён ба баромадкунандагон саволҳо пешниҳод гардида, посухҳои мушаххас ва тавсияҳои муфид гирифтанд.
Изображение WhatsApp 2024-09-22 в 08.53.09_b292b1cd