Муҳоҷирони меҳнатӣ вазифадоранд, ки огоҳинома пешниҳод намоянд

Главная \ Муҳоҷирони меҳнатӣ вазифадоранд, ки огоҳинома пешниҳод намоянд
← Предыдущая Следующая →

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тибқи Қонуни федералии №316 аз 10.07.2023, ба банди 7-и моддаи 13.3 Қонуни федералӣ “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия” №115  аз 25.07.2002 тағйирот ворид гардид.

Дар асоси банди 7-и моддаи мазкур, шаҳрванди хориҷӣ дар давоми ду моҳ аз рӯзи гирифтани патент вазифадор мешавад, ки ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, ки ба ӯ патент додааст, дар бораи ба кор қабул шудан огоҳинома пешниҳод намояд.

 Шакли огоҳинома дар сомонаи расмии "Интернет-портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ" ("Официальный интернет-портал правовой информации") дар истиноди мазкур  ҷойгир карда шудааст:

http://publication.pravo.gov.ru/document/0001202310030020?index=2

Шакли огоҳинома  бояд зеркашӣ гардида, (скачать) пур карда шавад.  

Ба огоҳинома нусхаи шартномаи меҳнатӣ, ё шартномаи ҳуқуқии гражданӣ барои иҷрои корҳои хизматрасонӣ байни корфармо, фармоишгари корҳо (хизматрасонӣ) ва шаҳрванди хориҷӣ замима карда мешавад ва ё дар огоҳинома маълумот дар бораи шартномаи ҳуқуқӣ-шаҳрвандӣ барои иҷрои корҳо (хизматрасонӣ) дар сурати бастани он дар шакли шифоҳӣ хабар дода мешавад.

Тағйирот дар давоми 180 рӯз аз рӯзи нашр эътибор пайдо мекунад, яъне аз моҳи январи соли 2024 шаҳрвандони хориҷие, ки тариқи патент фаъолият мекунанд, бояд ба Вазорати корҳои дохилӣ ҳар дафъа бобати бастани шартномаи меҳнатӣ хабар диҳанд.

Шаҳрванди хориҷӣ метавонад шакли огоҳиномаро пас аз пур кардан бо 3 роҳ пешниҳод кунад:

 

1. Шакли қоғазии огоҳиномаро шахсан ба шуъбаи ВКД ФР рафта, супорад;

 

2. Тавассути почтаи электронӣ;

 

3. Тавассути портали “Госуслуги”.

 

Ҳамзамон ба таваҷҷуҳ расонида мешавад, ки дар сурати баста нашудани  шартномаи меҳнатӣ ва кор кардани шаҳрванди хориҷӣ тибқи созишномаи шифоҳӣ, ӯ вазифадор аст, ки дар ин бора ба ВКД-и Россия хабар диҳад.

Аз моҳи январи соли 2024 агар шаҳрванди хориҷӣ нусхаи шартнома ё огоҳинома дар бораи фаъолияти меҳнатиро саривақт ба ВКД-и Россия ирсол накунад, пас патенти ӯ (бе огоҳӣ) бекор карда мешавад. Ин маънии онро дорад, ки патенти навро шаҳрванди хориҷӣ танҳо пас аз 1 сол аз рӯзи бекоркунӣ ба расмият дароварда метавонад. Дар ин сурат, агар корфармо  бо шаҳрванди хориҷие, ки аллакай ғайрирасмӣ будубош дорад, фаъолиятро идома диҳад, барои иҷозат додан ба  фаъолияти ғайриқонунӣ ҷарима мегардад.