МУЛОҚОТ БО ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМВАТАНОН ДАР НИЖНИЙ НОВГОРОД

Главная \ МУЛОҚОТ БО ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМВАТАНОН ДАР НИЖНИЙ НОВГОРОД
← Предыдущая Следующая →

23 декабри соли 2023 мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ, варзишгарон, табибон ва донишҷӯён, ҳамватанони муқимӣ, ки дар шаҳри Нижний Новгород фаъолияту таҳсил менамоянд, баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Раҳимов Темур Одинаевич изҳор дошт, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин равобити миёни Тоҷикистону Россия дар сатҳи шарикии стратегӣ қарор дошта, шаҳрвандони мо дар соҳаҳои гуногуни иҷтисодию иҷтимоии кишвари иоқмат фаъолият ва таҳсил намуда истодаанд.

Зимни вохӯрӣ оид ба роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва зарурати аз ҷониби ҳамватанон риояи қатъии қонунгузории Федератсияи Россия ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардумони бумии кишвари иқомат, дурӣ ҷустан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои ифротгаро маври муҳокима қарор гирифт.