Мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик
Сараввал, Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба донишҷӯён дар мавзуи дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи 33 соли истиқлолият, таблиғи худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон сӯҳбат орост. Дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон ба вижа таъкид гардид.
Дар ҷараёни суҳбат Сафир оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва дар ин замина дурӣ ҷустан онҳо аз ҳамроҳшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун таъкид намуд. Аз онҳо талаб карда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватанро ҳамчун арзишҳои миллии худ эҳтиром намоянд.
Инчунин, Д. Гулмаҳмадзода таъкид намуд, ки донишҷӯён бояд дар дарсҳо ва дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳҳо фаъолона ширкат варзида, саҳми худро гузоранд. Ҳамзамон, Сафир қайд кард, ки донишҷӯён бо иродаи устувор, дониши мукаммал, одобу ахлоқи ҳамида, барои пешгирӣ аз ҳар гуна ҷинояткорӣ, ҳодисаҳои номатлуб ва равияҳои динии бегона худдорӣ намоянд.
Сипас, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Аламшозода бо муроҷиат ба донишҷӯёни тоҷик ва бо ёдоварӣ аз муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқотояшон бо ҷавонони кишвар, қайд карданд, ки “Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадрҳои баландихтисос эҳтиёҷ дорад ва шумо одамони хушбахт мебошед, ки имконияти хуби таълимро доред. Бино бар ин, аз шароити мусоиди бароятон фароҳамгашта хуб истифода бурда, илм омӯзед, соҳибкасб шавед ва давлат шуморо ҳатман қадр хоҳад кард”.
Инчунин, А.Аламшозода мақсади баргузории вохӯриро иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» арзёбӣ намуда, доир ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки вақти холии худро ҳарчӣ бештар ба омӯхтани касбҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва илму техникаи замонавӣ сарф намоянд.