МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИ ТОҶИКОНИ ҶУМҲУРИИ САХА – ЯКУТИЯ

Главная \ МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИ ТОҶИКОНИ ҶУМҲУРИИ САХА – ЯКУТИЯ
← Предыдущая Следующая →

Котиби Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикстон дар Федератсияи Россия Боев Саид Муллоевич бо роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Нерюнгри Ҷумҳурии Саха – Якутия Паҳлавонова Садбарг Мирзоевна мулоқот намуд.  

Зимни баргузории мулоқот маҷмуи масъалаҳо дар самти тақвияти фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳамкорӣ бо Шӯрои ҷамъиятӣ, ташкил ва баргузории чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, илмиву адабӣ, варзишӣ, мусоидат ба ҳалли масъалаҳои тоҷикони муқимӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ, баррасӣ ва фароҳамоварии  мутобиқшавии донишҷӯёни тоҷик дар минтақаи мазкур баррасӣ гардид.

Инчунин масъалаҳои пешгирии ҷавонону наврасон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз омилҳои номатлуби иртиҷоӣ, гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, озмунҳои маърифативу илмӣ оид ба тарғиби арзишҳои маданиву таърихии халқи тоҷик, мусоидат ҷиҳат таҳкими муносибатҳо байнимиллатӣ ва дигар масъалаҳои муҳим  муҳокима карда шуд.

Ҳамзамон, масъалаи тақвияти ҳамкории Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони минтақаи мазкур бо Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия  барасӣ гардида, таклифу пешниҳодҳо  мавриди омӯзиш қарор дода шуд.  

Аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба роҳбари ташкилот Паҳлавонова  Садбарг Мирзоевна нишони сарисинагии Шӯрои ҷамъиятӣ тақдим карда шуд.