Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони тоҷики шаҳри Якутски Ҷумҳурии Саха (Якутия)

Главная \ Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони тоҷики шаҳри Якутски Ҷумҳурии Саха (Якутия)
← Предыдущая Следующая →

12-13 августи соли 2023 сафари кории Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия Имомзода Наҷмиддин ба шаҳри Якутски Ҷумҳурии Саха (Якутия) Федератсияи Россия баргузор гардид.

  Дар чорчӯби сафар вохӯрӣ бо Вазири робитаҳои беруна ва кор бо халқҳо Кириллин Г.В. ва Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сидорова В.И. дар Ҷумҳурии Саха (Якутия) баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Якутияро дар соҳаҳои савдо, иқтисод ва фарҳангу гуманитарӣ, инчунин, масъалаҳои будубош ва танзими раванди муҳоҷирони меҳнати мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин, вохӯрӣ бо роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Якутски Ҷумҳурии Саха (Якутия) “Иттифоқи тоҷикон” ва фаъолони тоҷик, ки дар минтақа кор ва зиндагӣ менамоянд, доир гардид.