Мулоқот бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони Ҳавзаи Федералии Сибир

Главная \ Мулоқот бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони Ҳавзаи Федералии Сибир
← Предыдущая Следующая →

Сафири Фақулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ дар доираи сафари корӣ ба вилояти Новосибисрк бо намояндагони диаспораи тоҷикон, роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ ва фаъолони онҳо мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ ба ҳозирин қонунгузории ФР дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро шарҳ дода, дар бораи тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати ҶТ оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо дар Россия маълумот пешниҳод намуд. Таваҷҷуҳи хосса ба масоили пешгирии содирнамоии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ зоҳир гардид.

 Ҳамчунин зимни вохӯрӣ густариши ҳамкориҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, донишҷӯён,  роҳҳои нави мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус дар байни ҷавонон, гузаронидани корҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, ҳифзу густариши забонҳои модарӣ ва русӣ дар байни насли ҷавони диаспораҳои тоҷик баррасӣ гардид.